Талоши “Барселона” ва “Реал” баҳри ситораи ҷадиди “Динамо”

Талоши “Барселона” ва “Реал” баҳри ситораи ҷадиди “Динамо”

Сомонаи расмии Mundo Deportivo хабар медиҳад, ки ҳамлавари бошгоҳи «Динамо Загреб»-и Хорватия Дани Олмо диққати дастаҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид”-ро ба худ ҷалб намудааст. Бо маълумоти сарчашма намояндаҳои “Барселона” ҳанӯз соли 2014 бо агенти футболбози 20 солаи испанӣ барои харидориаш мулоқот намуда буданд. “Реал” низ аз ин фурсати муносиб истифода карда мехоҳад, ки дар кӯтоҳтарин муддат футболбзро шомили ҳайаташ намояд. Бо маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо бошгоҳи “Динамо” омодааст, ки ситораи худро бо 25 млн евро иваз намояд. Ба ғайр аз “Реал” ва “Барселона” инчунин «Манчестер Юнайтед», «Манчестер Сити» ва «Бавария» барои ба даст овардани ин ғунчаи нави футбол мубориза мебаранд. Дани Олмо моҳи феврали соли 2015 дар ҳайати “Динамо” нахустин бозиашро баргузор намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар 10 бозии дастааш ширкат варзида, ба задани ду гол даст ёфтааст.