Тони Кроос оиди ояндааш дар “Реал Мадрид” ҳарф зад

Тони Кроос оиди ояндааш дар  “Реал Мадрид”  ҳарф зад

Нимҳимоягари “Реал Мадрид” Тони Кроос ба суол оиди ояндааш дар тими мадридӣ посух дод.

«Ин охирин мавсими ман дар «Реал» аст? То ҳол дақиқан намедонам», — иқтибос меорад аз суханони Кроос Madrid Universal дар шабакаҳои иҳтимоӣ.

Қарордоди феълии бозигари олмонӣ бо мадридиҳо то тобистони соли 2024 мӯҳлат дорад. Мавсими ҷорӣ Тони дар сафи «Реал» 38 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, ба задани як гол ва ирсоли ҳафт партофти голӣ даст ёфтааст. Арзиши эҳтимолии футболбоз тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt 14 млн евро мебошад.