“Қаҳрамони амрикоӣ” аз дасти “Танки рус” чапагардон шуд

“Қаҳрамони амрикоӣ” аз дасти “Танки рус” чапагардон шуд

Дирӯз дар шаҳри Будапешти Венгрия дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва занон рақобати деринтизори ниқорситонӣ дар таърихи гӯштини тарзи озод доир шуд. Дар қувваозмоии ниҳоии вазни 97 кг дар гӯштини тарзи озод варзишгари рус Абдурашид Садулаев маъруф бо тахаллуси «Танки рус» (қаҳрамони олимпӣ 2016, ду карат қаҳрамони ҷаҳон дар солҳои 2014-2015 дар вазни 86 кг; дорандаи нишони нуқраи Чемпионати ҷаҳон 2017 дар вазни 97 кг) ва гӯштингири амрикоӣ Кайл Снайдер маъруф бо тахаллуси “Қаҳрамони дастон” (чемпиони Олимпиада 2016, қаҳрамони ду каратаи ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2017 дар вазни 97 кг шоми имрӯз бо ҳам рақобат карданд. Гӯштингири рус дар дақиқаи аввали рақобат ҳарифи муқтадири худро ба тахтапушт нигоҳ дошта, қабл аз муҳлат ғалаба кард. Метавон гуфт, ки бо ин пирӯзӣ Абдурашид Садулаев барои бохт дар финали соли гузашта аз Кайл Снайдери амрикоӣ интиқом гирифт.

Таҳияи Парвизи М.