Бозгашти Мария Шарапова ба корт
Ракеткаи дуюми Россия Мария Шарапова, ки бо сабаби осеб бардоштанаш дар мавсими навбатии теннис иштирок надошт, ба суолҳои мухлисон оид ба вазъи саломатиаш дар саҳифаи «инстаграм»-и худ чунин посух дод. «Ман хеле беҳтарам ва осебе, ки аз китфам бардошта будам аллакай хуб шудааст. Пас аз 6-ҳафтаи муолиҷа дирӯз ман аллакай ба корт баргашта ба тамрин шуруъ кардам». Ёдовар мешавем, ки охирин рақобати Шарапова дар ин мавсим дар даври чоруми мусобиқаи “US - Open” мебошад, ки ӯ аз намояндаи Испания Карло Суарес Наварро шикаст хурда буд. Дар мавсими 2018 Шарапова аз рӯи раддабандии WTA дар ҷои 29-ум қарор дорад.