“Ҷоми рушд-2020”: Бохти наврасони тоҷик аз Исроил

 “Ҷоми рушд-2020”: Бохти наврасони тоҷик аз Исроил

Дар даври дуюми мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2020” дар Минск мунтахаби наврасони то 16-солаҳои Тоҷикистон аз ҳамтоёни исроилии худ бо ҳисоби 4:0 дучори шикаст шуданд.

Қаблан дар даври якум тими миллии наврасони мо мунтахаби Исландияро (U-17) бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.

Пас аз ин бохт мунтахаби то 16-солаҳои мо дар гурӯҳи “В” бо касби 3 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Мунтахаби то 17-солаҳои Исроил бошад, дар ҳисоби худ 1 мусовӣ ва 1 ғалаба дошта, бо 4 имтиёз садрнишини гурӯҳ аст.

Хотиррасон мекунем, ки мунтахаби мо дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 23-юми январ, соати 14:00 бо Гурҷистон қувваозмоӣ мекунад.

«Ҷоми Рушд-2020»

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Исроил (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 4:0