11 корт ва набарди ду мураббии аргентинӣ дар Мадрид

11 корт ва набарди ду мураббии аргентинӣ дар Мадрид

Бе шаку шубҳа рақобати марказии даври 12-уми Ла Лига ин бозӣ байни тимҳои “Атлетико Мадрид” ва “Атлетик Билбао” ба шумор мерафт. Ин дастаҳо, ки таърихи дуру дароз доранд, аз қадим бо ҳамдигар рақиби оштинопазир буданд. Баскҳои шаҳри Билбао дар ҳайаташон қариб, ки футболбозони дигар миллатро роҳ намедиҳанд, то охирин нафас мубориза мебаранд. Дастаҳо дар маҷмуъ байни ҳамдигар 166 маротиба вохӯрӣ анҷом додаанд, ки 75 маротиба шогирдони Диего Симеоне ва 61 маротибаи дигар баскҳо муваффақ омадаанд. Дирӯз дар дили шаб мухлисон ва дӯстдорони футбол шоҳиди набарди ду мураббии аргентинӣ дар Мадрид шуданд. Дар даври 12-уми Ла Лига дастаи “Атлетико Мадрид” дар варзишгоҳи навбунёди “Ванда Метрополитано” тими “Атлетик”-ро қабул намуд. Шогирдони Эдуардо Беритсо, ки ин мавсим дар 11 бозии охири хеш ба нокомӣ дучор мешуданд, дар ин рақобат ташнаи пирӯзӣ буданд. Баъд аз ҳуштаки Хосе Санчес Мартинес бозӣ байни тимҳо оғоз шуд. Ҳанӯз дар дақиқаи 36-уми майдондорӣ ҳамлавари ҷавони меҳмонон Иняки Уилямс ба задани гол даст ёфт. Ин амал ғазаби мадридиҳоро дучанд кард, ҳамин буд, ки дар дақиқаи 61-уми бозӣ Томас Партей ба меҳмонон голи ҷавобӣ зад. Баъд аз ду дақиқа боз Иняки Уилямс дарвозаи Облакро рахна кард. Кӯшишу талошҳои мадридиҳо самар оварду дар дақиқаи 80-ум Родриго Эрнандес ҳисобро боз баробар кард. Аз рафти бозӣ маълум буд, ки агар шогирдони Симеоне бо мусовӣ аз майдон берун шаванд, онҳоро сахт машақат хоҳад дод. Дар дақиқаи 90+1 бо партофти головари Гризманн сарвони даста - Диего Годин голи пирӯзиоварро таслими тӯри баскҳо намуда, ба дастааш пирӯзӣ овард. Бозӣ байни тимҳо чунон пуршиддат сурат гирифт, ки ҳатто байни бозигарон ҷангу хархашаҳо сар зад. Ин амалро довар қоидаситезӣ дониста, ба футболбозни ҳарду даста 10 корти зард ва як корти сурх нишон дод. Ҳамин тариқ “Атлетико” пирӯзии навбатии хешро соҳиб шуда, бо касби 23 имтиёз ба зинаи 2-юми ҷадвал роҳ ёфт. “Атлетик” бошад, бо дарёфти 10 хол дар зинаи 17-ум қарор дорад.

Чемпионати Испания   

Даври 12-ум 

"Атлетико" - "Атлетик" - 3:2 (0:1)

Голҳо: Иняки Уилямс, 36 (0:1). Партей, 61 (1:1). Иняки Уилямс, 64 (1:2). Эрнандес, 80 (2:2). Годин, 90+1 (3:2).

"Атлетико": Облак, Годин, Филипе Луис, Ариас, Монтеро (Мартинш, 56), Саул, Партей, Эрнандес, Диегу Коста (Витоло, 46), Гризманн, Корреа (Калинич, 62).

"Атлетик": Эррерин, Баленсиага, Де Маркос, Берчиче, Иниго Мартинес, Нунйес, Сан-Хосе, Эчеварриа (Ноласкоайн, 67), Сусаэта (Капа, 88), Икер Муниаин, Иняки Уилямс (Раул Гарсия, 76).

Огоҳшудагон: Диегу Коста, 38. Эчеварриа, 49. Витоло, 65. Адан, 66. Калинич, 66. Сан-Хосе, 82. Де Маркос, 86. Иниго Мартинес, 90+4. Юри Берчиче 90+5'