2 зарба, 2 гол ва 2 дафъа камбэк

2 зарба, 2 гол ва 2 дафъа камбэк

Бозии марказии даври 24-уми чемпионати Англия дар мавсими 2019/20 миёни “Челси” ва “Арсенал” сурат гирифт. Аз дақиқаҳои нахуст “ашрофзодаҳо” ташаббусу тараддуди майдондориро дар ихтиёри худ гирифтанд, вале қулфи дарвозаи ҳарифро кушода наметавонистанд. Дар чунин ҳолат худи бозигарони “Арсенал” ба “кӯмак”-и онҳо омаданд. Дар дақиқаи 25-ум Шкодран Мустафи тӯбро ба дарвозабони худ пас додани буд, аммо Тэмми Абраҳам ин тӯбро соҳиб шуда ба дарвозаи холӣ як ба як баромад. Собиқ бозигари “Челси” Давид Луиз, ки бори аввал пас аз гузаришаш ба ҳайати “Арсенал” ба “Стэмфорд Бриҷ” баргашт, ҳарифро аз по даровард ва ҷониби дарвозаи худ пеналти овард. Ӯро барои ин қоидаситезӣ аз майдон хориҷ карданд. Жоржинио бошад аз зарбаи 11-метра ҳисобро кушод.
То дақиқаи 63-юми бозӣ шогирдони Микел Артета ҷониби дарвозаи ҳариф ягон зарба назаданд. Аммо зимни як аксулҳуҷум Габриэл Мартинелли ҳисобро баробар кард.
Чунин ҳисоб сармураббии мизбононро қаноат намекард. Фрэнк Лэмпард бо вориди майдон кардани Росс Баркли, Мэйсон Маунт ва Миши Батшуайи боз хатти ҳуҷуми тимашро қавӣ кард. Лекин голи дуюми мизбононро муҳофизатгар ва сарвони тим-Сесар Аспиликуэта марбути номи худ кард, ки барои ӯ ин дидор 250-умин бозии ӯ дар ҳайати асосии дастааш дар ПЛА дониста мешавад. “Арсенал” бо гузора шудани се дақиқаи дигар аз иродаи худ дарак дод ва бо зарбаи маҳкаму ҳадафмандонаи Эктор Белйерин ҳисобро баробар кард. Омори “туфангдорон” дар ин бозӣ бисёриҳоро мутаҳайир кард. Онҳо дар рафти ин рақобат дар умум 2 зарба заданд, ки ҳарду ҳам рост ҷониби дарвозаи Кепа Аррисабалага буд ва ҳарду гол шуда, боиси камбэки онҳо гашт. Ин натиҷа то охири бозӣ дигар нашуд. Ҳамин тавр дар 200-умин дербии пойтахти кишвари бунёдгузорони футбол-Лондон миёни дастаҳои асосии он ҳисоби мусовӣ 2 бар 2 ба қайд гирифта шуд. Дастаҳо пас аз ин бозӣ бо касби 1 имтиёзӣ дар мавқеъҳои қаблии худ боқӣ монданд.