Дастоварди таърихии Кевин Де Брёйне

Дастоварди таърихии Кевин Де Брёйне

Нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Кевин Де Брёйне дар таърихи Премйер-лига аввалин футболбозе гардид, ки дар 3 мавсими чемпионат ҳадди ақал 15 партофти головар додааст.
Дар даври 24-уми чемпионати Англия дар бозӣ бо “Шеффилд Юнайтед” (1:0) Де Брёйне ба Серхио Агуэро партофт кард, ки он дар ин мавсим партофти головари 15-ум ва рекордии нимҳимоятгари белгиягӣ буд. Дар мавсими 2016/17 Де Брёйне дар ҳисоби худ 18 партофти самаранок дорад. Дар мавсими 2017/18 бошад, 16 партофт. 
Хотиррасон мекунем, ки умуман нимҳимоятгари белгиягӣ дар ин мавсим дар Премйер-лига 23 бозӣ карда, ба ғайр аз 15 партофти головар, ҳамчунин муаллифи 8 гол шудааст.