20 беҳтарин теннисбози раддабандии ATP дар мусобиқаи Abierto Mexicano Telcel ширкат меварзанд

20 беҳтарин  теннисбози раддабандии ATP дар мусобиқаи  Abierto Mexicano Telcel ширкат меварзанд

Аз 27-уми феврал то 4-уми марти соли равон дар шаҳри Акапулкои Мексика  мусобиқаи ATP-500 Abierto Mexicano Telcel доир мешавад, ки дар он 20 беҳтарин  теннисбози раддабандии ATP ширкат мекунанд.

Дар дархости сомонаи расмии мусобиқот  нашр шудааст, ки тибқи он теннисбозӣ испанӣ Карлос Алкарас (ҷойи дуюм дар рейтинги ATP), юнонӣ Стефанос Тситсипас (ҷои сеюм), норвегӣ  Каспер Рууд (ҷойи чорум), амрикоӣ  Тейлор Фритс (ҷойи ҳаштум) ), даниягӣ Холгер Рун  (ҷойи нуҳум), финалисти соли гузаштаи мусобиқаи бритониёӣ Кэмерон  Норри (ҷойи 11-ум), инчунин амрикоиҳо Фрэнсис Тиафо ва  Томми Пол, ки мутаносибан ҷойҳои 15 ва 19-умро ишғол мекунанд, ширкат меварзанд.

Ғолиби феълии ин мусобиқа теннисбозӣ  испанӣ Рафаэл Надал мебошад.