21 ҷароҳати Лео Месси

21 ҷароҳати Лео Месси

Лионел Месси – яке аз беҳтарин футболбозони сайёра дар даври 9-уми Ла Лигаи Испания бар зидди “Севиля” аз дасташ ҷароҳат бардошт, ки ин 21-умин ҷароҳат барои футболбози 31-солаи аргентинӣ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ, ӯ аз сабаби ҷароҳатҳояш аз иштирок дар 80 бозӣ маҳрум гардидааст, ки бе ӯ бошгоҳ дар ин бозиҳо ба 48 ғалаба, 17 мусовӣ ва 15 бохт дучор гардидааст, ки натиҷаи фоизии ғалаба бидуни Месси 60%-ро ташкил медиҳад. Инак рӯйхатеро пешниҳод менамоем, ки шуморо бо ҷароҳатҳои “беҳтарин рақами 10-и сайёра” ошно хоҳад кард.

Мавсими 2005/06

5-уми феврали соли 2006 дар бозии бар зидии “Атлетико Мадрид” Месси аз зонуи пои росташ ҷароҳат бардошта, то 18-уми феврал дар бозиҳои дастааш ширкат накардааст.

7-уми марти соли 2006 дар дидор бар муқобили “Челси” дар доираи рақобатҳои Лигаи Чемпионҳо ӯ боз зонуи пои росташро захмдор кард. Ҳамин тавр ӯ 30-юми май дар бозии Аргентина ба майдон баргашт.

Мавсими 2006/07

22-юми октябри 2006, “Реал Мадрид” – “Барселона”; дар Эл-Класико буҷулаки пойи рости Месси осеб бардошт ва ӯ то 31-уми октябр натавонист ба дастааш кӯмак кунад.

22-юми ноябр соли 2006, “Барселона” – “Реал Сарагоса”; Дар ин рақобат Месси дар соли 2006 4-умин маротиба ҷароҳат бардошт, ки ин ҳам ҷароҳати устухони чилаи хурди пойи чапаш буд. Ҷароҳат нисбатан ҷиддӣ буд ва Месси то 11-уми феврали соли 2007 аз футбол барканор шуд.

Мавсими 2007/08

Моҳи сентябри соли 2007 дар бозии Аргентина бо Австралия раги зонуи пои рости Месси зарари начандон ҷиддӣ дид ва Месси пас аз 8 рӯз дубора ба майдон баргашт.

15-уми декабр, соли 2007 дар бози зидди бошгоҳи “Валенсия” устухони рони Лионел ҷароҳат бардошт, ки ин ӯро то 20-уми январ аз футбол дур кард.

4-уми марти соли 2008, “Барселона” – “Селтик”; Мессиро боз ҷароҳати устухони ронаш аз футбол дур кард, ин дафъа ба муҳлати 1 моҳ.

Мавсими 2009/10

21-уми ноябри соли 2009 дар бозӣ зидди бошгоҳи “Атлетик Билбао” Мессиро мушаки пои росташ осеб дид, ки тӯли 1 ҳафта ӯ дастаашро кӯмак кунад.

Мавсими 2010/11

19-уми сентябри соли 2010, “Атлетико Мадрид” - “Барселона”; буҷулаки пойи рости футболбози аргентинӣ ҷароҳат бардошт ва бинобар ин ӯ 10 рӯз ба майдон надаромад.

Мавсими 2012/13

5-уми декабри соли 2012, дар доираи рақобатҳои Лигаи Чемпионҳо зидии “Бенфика” зонуи чапи каме ҷароҳат бардошт ва ӯ натавонист бозиро идома диҳад, вале дар дигар бозиҳо ҳунарнамоияшро идома дод.

24-уми январи соли 2013 дар дидор зидди “Малага” аз сабаби мондашавии мушакҳо Месси натавонист бозиро идома диҳад, аммо чун маротибаи пеш тавонист дар дигар бозиҳо ширкат варзад.

2-юми апрели соли 2013, “ПСЖ” – “Барселона”; Аз сабаби кашиши раги зонуи пояш ӯ то 10-уми апрел ба дастааш кӯмак накард.

12-уми майи соли 2013 дар бозӣ зидди “Атлетико Мадрид” аз сабаби дарди сахти мушакҳои пой Месси аз майдон гирифта шуд, вале дар бозиҳои баъдӣ ӯ тавонист дастаашро кӯмак кунад.

Мавсими 2013/14

10-уми августи соли 2013 дар бозиҳои пеш аз мавсимӣ мушаки Месси ҷароҳат бардошт, вале ҷароҳат наонқадар ҷиддӣ буд. Ӯ метавонист дар бозии навбатӣ ба майдон барояд, аммо аз сабабе, ки бозӣ дӯстона буд, ӯ тадбири эҳтиётиро пеша кард ва дар он бозӣ ширкат накард.

22-юми августи соли 2013, “Атлетико” – “Барселона”; ҷароҳати сабуки мушак ба он овард, ки Месси натавонист дар як бозӣ ба “нилунориҳо” кӯмак кунад.

28-уми сентябри соли 2013, “Алмерия” – “Барселона”; боз ҳам ҷароҳати раги зонуи пойи рост Месси чанд ҳафта аз футбол дур кард. Ӯ 19-уми октябр дубора ба майдон омад.

10-уми ноябри соли 2013, “Бетис” – “Барселона”; Дар ин бозӣ Месси ҷароҳати вазнин бардошт, ки ин ӯро то 8-уми январи соли дигар (2014) аз футбол маҳрум сохт.

Мавсими 2014/15

31-уми августи соли 2014 дар бозӣ зидди “Виллареал” дар Мессиро хастагии мушакҳои рони пойи рост азият доданд, аммо ӯ 90 дақиқа майдондорӣ кард. Ин ҷароҳат сабаб гашт, ки Месси дар бозии дӯстона ба мунтахабаш кӯмак карда натавонист. Ҳамин тавр ӯ 9-уми сентябр дубора ба майдон баргашт.

Мавсими 2015/16

26-уми сентябри соли 2015. Дар бозии зидди “Лас Палмас” зонуи чапи Месси ҷароҳати вазнин бардошт. Ҳамин тавр ӯ 21-уми ноябр дар Эл – Класико зидди “Реал Мадрид” ба майдон баромад.

Мавсими 2016/17

22-юми сенятбри соли 2016 дар дидор зидди “Атлетико Мадрид” ӯ аз пойи росташ ҷароҳат бардошт ва то 15-уми октябр ба майдон набаромад.

Мавсими 2018/19

21-уми октябри соли 2018, “Барселона” – “Севиля”; Баъд аз бархӯрд Месси ба замин афтид ва дасти чапаш ҷароҳат бардошт. Ӯ 3 ҳафта наметавонад ба майдон барояд.


Таҳияи Беҳрӯз Артиков ва Усмон Бурҳонов