Дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ боз соҳиби се имтиёз гардид
Имрӯз дар бозиҳои даври дуввуми гурӯҳи “D” дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ бар дастаи мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, соҳиби се имтиёзи дигар гардид ва бо касби 6 имтиёз зинаи аввали гурӯҳро касб кард. Футболбозони Арабистон дар нишондодҳои оморӣ дар ҳама сатҳ нисбат ба дастаи мунтахаби Чин беҳтар буданд. Маҳз дар нимаи дуввуми вохӯрӣ баъди ба майдон омадани Абдулмӯҳсин Алқаҳтонӣ хати ҳамла хуб кор кард ва маҳорати инфиродии ин ҳамлагар имкон дод, ки аз байни ду муҳофизатгар бо зарбаи қотеъ тӯбро вориди дарвозаи Пенг Пенг гардонида, дастаашро ба сӯи ғалаба ҳидоят кунад. Баъди ин ғалаба футболбозони дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ пеш аз мӯҳлат роҳхати аввалинро аз гурӯҳи “D” ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ ба даст оварданд.