6 гол дар бозии Испания ва Бразилия ғолибро муайян накард

6 гол дар бозии Испания ва Бразилия  ғолибро муайян накард

Дастаи мунтахаби Испания дар бозии дӯстона бо Бразилия мусовӣ кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид баргузор шуда, бо натиҷаи 3:3 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 12-уми бозӣ нимҳимоятгари испанӣ Родри аз пеналти ҳисобро боз кард. Дани Олмо аз ҳайати Испания дар идома аз ирсоли головари Ламин Ямал истифода бурда, ҳисобро дучанд кард. Родри аз ҳайати тими миллии Бразилия дар дақиқаи 40-ум аз ҳимоятгарони Испания моҳирона гузашта, ба задани гол ноил гардид.

Дар ибтидои қисми дуюм Эндрики 17-сола, ки ба ҳайси ивазкунанда ба майдон баромад, ҳисобро баробар кард. Дар охири вохӯрӣ Родри як пенлтии дигарро барои Испания ба гол табдил дод ва дар ҳисоб дастаашро ба пеш баровард. Аммо дар дақиқаи 7-уми иловагии бозӣ довар зарбаи ҷаримавӣ таъин кард ва Лукас Пакета ҳисобро баробар кард.