Леброн бо сабаби ҷароҳат дар бозии оянда ба “Лос-Анҷелес Лейкерс” кӯмак карда наметавонад

Леброн бо сабаби ҷароҳат дар бозии  оянда ба  “Лос-Анҷелес Лейкерс” кӯмак карда наметавонад

Пешвои дастаи “Лос-Анҷелес Лейкерс” - Леброн Ҷеймс дар бозии навбатии NBA бар зидди “Милуоки Бакс” иштирок намекунад, хабар медиҳад ESPN.

Иштироки баскетболбоз аллакай зери суол буд, аммо ҳоло ин маълумот тасдиқ шудааст. Ҷеймс бо сабаби осеб бардоштани буҷули пояш бешубҳа ба майдон намебарояд. Тавре ки шумо медонед, Леброн чанд моҳ аст, ки бо зонуяш мушкилот дошт ва рӯзи 8 –уми март дар бозӣ зидди “Милвоки” ба майдон набаромад буд.

Дар бозии охир пешвои “Лейкерс” дар майдон буд - 38 дақиқа бозӣ карда, 26 хол ва 10 ассист карда буд. Ҷеймс дар ин мавсим ба ҳисоби миёна 25,4 хол, 7,2 бозёфти тӯб ва 8,1 ассист дорад.

Ёдовар мешавем, ки “Лейкерс” рекорди голзании дастаро дар ин мавсим нав кард ва пурмаҳсултарин бозияшро дар Ассотсиатсияи миллии баскетбол дар тӯли 37 сол анҷом дод. Онҳо тими “ Индиана”-ро бо ҳисоби 150:145 мағлуб карда буданд.