6 ҷудочии тоҷик ба Озарбойҷон мераванд

6 ҷудочии тоҷик ба Озарбойҷон мераванд

Аз 5-ум то 7-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Бокуи пойтахти Озарбойҷон мусобиқаи бонуфузи Baku Grand Slam- 2021 баргузор мешавад. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 207 ҷудочӣ аз ҷумла, 132 мард ва 75 зан аз 31 кишвари қора дар назар аст. Инчунин дар ин чорабинӣ кишвари мо Тоҷикистонро яку якбора 6- ҷудочӣ намояндагӣ мекунанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа кам ё зиёд шудани иштирокчиён аз эҳтимол дур нест.

Исми ҷудочиёни тоҷик, ки ба Baku Grand Slam- 2021 мераванд:

1.   Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг)

2. Ҳақназар Назаров(-81кг)

3. Хушвахт Идиев (-81кг)

4. Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)

5. Амирҷони Насимҷон (-90кг)

6. Темур Раҳимов (+100кг)