Расман: Роналд Куман аз мақомаш барканор шуд

Расман: Роналд Куман аз мақомаш барканор шуд

Мутахассиси 58 солаи ҳоландӣ - Роналд Куман аз симати сармураббигии дастаи “Барселона” барканор шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти “нилунориҳо”  хабар медиҳад. Қаблан ВАО-и Испания иттилоъ дода буд, ки дар сурати бохти “Барса” аз «Райо Валекано» коршиноси ҳоландӣ аз мақомаш барканор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Барса” дар даври 11-уми Ла Лига аз тими «Райо Валекано» бо натиҷаи 0:1 дучори бохт шуд.

Хотиррасон мекунем, ки Куман моҳи августи соли 2020 ба ҳайси сармураббии дастаи каталонӣ таъйин шуда буд. Дар мавсими гузашта “нилунориҳо” бо роҳбарии Куман Ҷоми Испанияро ба даст оварда, Ла Лигаро бо ишғоли зинаи сеюм ҷамъбаст намуданд.

Дар мавсими ҷории Ла Лига бошад дастаи “Барса” баъди 11 давр бо касби 15 хол дар зинаи 9-уми ҷадвал қарор дорад.