900-ум ғалабаи Ҷокович

900-ум ғалабаи Ҷокович

Рақобатҳо дар доираи бозиҳои даври якуми мусобиқаи “Australian Open” дар кортҳои “Мелбурн Парк”-и шаҳри Мелбурн бошиддат ҷараён доранд. 
Ракеткаи дуюми ҷаҳон, теннисбози маъруфи сербӣ – Новак Ҷокович дар даври якуми Чемпионати кушоди Австралия оид ба теннис бар муқобили намояндаи Олмон Ян-Леннард Штруфф ба майдон омад. Бозии ин варзишгарон дар ҳузури мухлисони зиёд ҷолибу диданӣ сурат гирифта, дар гузораи 4 пайт бо ҳисоби 7:6, 6:2, 2:6 ва 6:1 ба суди Ҷокович хотима ёфт. Ин 900-умин ғолибияти теннисбози сербӣ дар фаъолияти варзишиаш аз мусобиқоти расмии ATP маҳсуб мешавад.