Қаҳрамони Осиё ғалабаи навбатии худро ба даст овард

Қаҳрамони Осиё ғалабаи навбатии худро ба даст овард

 Имрӯз дар бозиҳои даври сеюми гурӯҳи “B” дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷопон бар дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 – солаи Ироқ бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда соҳиби се имтиёзи дигар гардид ва бо касби 9 имтиёз аз зини аввали гурӯҳ ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар тамоми рафти бозӣ ташаббуси бозиро футболбозони тулӯъи офтоб дар даст доштанд. Бозигарони Ироқ дар оғози нимаи аввал имконияти хеле хуби голзаниро аз даст доданд ва дигар чунин имконият барояшон фароҳам наомад. Нимаи аввал бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Голҳоро Юта Таки (дақиқаи 10 -ум), Кёсуке Тагава (дақиқаи 27 -ум) ва Тайши Ҳара (дақиқаи 34-ум) ба самар расониданд. Нимаи дуввумро футболбозони Ҷопон оромтар шурӯъ намуданд ва ҳамлаҳо дар қиёс бо нимаи аввал кам ба чашм мерасиданд. Аммо бозигарони Ироқ дар нимаи дуввум ҳам муваффақ ба задани гол нашуданд. Дар 15 дақиқаи охири дидор ҷопониҳо боз фишорро бештар намуда, 2 голи дигарро таслими дарвозаи қаҳрамонони панҷкаратаи Осиё намуданд. Муаллифони голҳо Тайши Ҳара (дақиқиа 77-ум) ва Коки Сайто (дақиқаи 85-ум) гардиданд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ ҷавонони нуздаҳсолаи Тайланд бар ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ зафар ёфта, бо дарёфти зинаи дуввум ба марҳилаи ҳазвӣ роҳхат гирифтанд. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ мунтахаби то 19 – солаи Ҷопон бо Индонезия ва Тайланд бошад бо Қатар майдондорӣ хоҳанд кард.