Адвокати Марадона сабаби эҳтимолии марги бозигарро гуфт
Адвокат Матиас Морла рӯзи душанбе гуфт, ки ёрии нодурусти тиббӣ ба марги футболбоз Диего Марадона сабаб шудааст.
"Ёрии тиббӣ даҳшатнок буд, бинобар ин ӯ даргузашт", - гуфт Морла. Марадона 25 ноябри соли 2020 дар синни 61-солагӣ даргузашт. Ёдовар мешавем, ки Марадонаи бузург дар тули маснади варзишии хеш дар дастаҳои «Архентинос Хуниорс», «Бока Хуниорс», «Нюэллс Олд Бойз», «Барселона», «Севиля» ва «Наполи» бозӣ намудааст.