Соли ҷорӣ барои Ҳоланд хотима ёфт

Соли ҷорӣ барои Ҳоланд хотима ёфт

Бино ба гузориши рӯзномаи олмонии Bild ҳамлагари дастаи "Боруссия Дортмунд" Эрлинг Ҳоланд эҳтимол аст, ки соли 2021 ба майдон набарояд. Қаблан сармураббии «Боруссия» Марко Розе гуфта буд, ки Ҳолланд метавонад чанде пас ба майдон баргардад, аммо ташхиси дигарбора нишон дод, ки норвегӣ то охири соли ҷорӣ ба майдон баромада наметавонад.

Пештар бошад Холанд аз барои ҷароҳат қариб як моҳ берун аз майдон монда буд ва дар бозии даври 8-уми Бундеслига бар муқобили “Майнтс” баргашт ба майдон карда буд. Ҳамлавари норвегӣ дигарбора ҷароҳат бардошт, ки аз барои он ба табобат фаро гирифта мешавад.

Қобили қайд аст, ки Эрлинг Ҳоланд пас аз гузариш ба “Боруссия Дортмунд” дар Бундеслига 49 бозӣ гузаронидаву 49 гол ҳам задааст. Дар мавсими ҷорӣ бошад 10 бозӣ дар кулли мусобиқаҳо гузаронида, 13 гол ба ҳадаф расонидааст.