«Ал-Садд» танҳо бо як шарт Хавиро раҳо мекунад
Роҳбарияти дастаи «Ал-Садд» то ҳол дар мавриди ояндаи сармураббӣ Хави қарор набаровардааст. Дар бошгоҳи қатарӣ мехоҳанд, ки пешниҳоди расмиро нисбати Хави президенти “нилунориҳо” Жоан Лапорта кунад.
Аммо раҳбари дастаи каталонӣ барои мулоқоти шахсӣ бо молики «Ал-Садд» Шайх Муҳаммад бин Ҳамад аз сафар ба Доҳа худдорӣ кард. Лапорта ба Қатар як ҳайати иборат аз ноиби президенти “Барса” Рафа Юсте ва директори варзишӣ Матеу Алеманиро фиристода шуд.
Ин амали Жоан Лапорта роҳбарияти «Ал-Садд» -ро қонеъ накарда, тими арабӣ аз раҳо намудани Хави худдорӣ намуд.