Дубли Бензема ба «Реал» иқбол овард

Дубли Бензема ба «Реал» иқбол овард

Дастаҳои “Реал Мадрид”-и Испания ва “Шахтёр”-и Украина дар доираи даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо рақобат намуданд. Бозии мазкур дар майдони “Сантяго Бернабеу” доир шуда, бо ҳисоби 2-1 тими “шоҳона” пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамлавари марказии дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема дар дақиқаҳои 14-ум ва 61-ум гол ба ҳадаф расонда, ғалабаи ҳамтимонашро таъмин намуд. Голи ягонаи меҳмононро Фернандо Педро аз зарбаи ҷаримавӣ ба ҳадаф расонд.

Баъди даври мазкур дастаи “Реал Мадрид” бо 9 имтиёз дар зинаи аввал ва “Шахтёр” бо як хол дар мавқеи чоруми гурӯҳи “D” ҷойгир шудаанд.