Ғалабаи ҳангомавии "Монако" бар ПСЖ

Ғалабаи ҳангомавии "Монако" бар ПСЖ

Дар доираи рақобатҳои даври 11-уми Лигаи 1-и Фаронса дастаи "Пари Сен-Жермен" ба меҳмонии тими "Монако" ташриф бурд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи "Луи 2", ки варзишгоҳи хонагии дастаи "Монако" мебошад, баргузор гардид. Дарар дақиқаи 25-уми майдондорӣ ҳамлагари "парижиҳо" – Клиан Мбаппе аз партофти Ди Мария истифода бурда, дарвозаи Маннонеро рахна сохт. Дар дақиқаи 37-ум пас аз он ки довар ҷониби дарвозаи "Монако" пеналтӣ таъйин намуд, ба назди тӯб Мбаппе омад ва бо як маҳорати баланд тӯбро бори дуюм ба дарвозаи "Монако" ворид намуда, дублро ба номаш сабт кард. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0:2 ба поён расид. Дар нимаи дуюми рақобат мизбонон бозиро ба даст гирифта, ҳуҷумҳои пай дар пайро ҷониби дарвозаи Кейлор Навас созмон медоданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 52-юм ниммуҳофизатгари олмонии "Монако" – Кевин Фолланд бо як зарбаи ҳадафраси худ ба дарвозаи ПСЖ голзанӣ намуда, ҳисобро 1:2 кард. Дар дақиқаи 65-ум Кевин Фолланд аз партофти ҳамластааш истифода бурда, голи дуюмро ба дарвозаи Навас ворид намуд ва дублро ба номаш мӯҳр заду ҳисобро баробар сохт. Ҳафт дақиқа мондан то анҷоми бозӣ, ҳимоятгари дастаи меҳмон – Абду Диалло дар ҷаримагоҳи дастаи худ қойидаи бозиро нисбати футболбози "Монако" вайрон намуд. Пас аз ин қойидаситезӣ довар ба Диалло корти сурх нишон дода, ӯро аз майдон ронд ва ба дарвозаи ПСЖ пеналтӣ таъйин кард. Аз ин вазъият футболбози испании мизбонон – Сеск Фабрегас самаранок истифода бурда, голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба нафъи дастаи "Монако" анҷом пазируфт.

Баъди ин пирӯзӣ тими "Монако" 20 имтиёз касб карда, ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. Дастаи ПСЖ бо доштани 24 имтиёз сарнишини ҷадвал мебошад.