Ғалабаи «Равшан» дар варзишгоҳи пур аз обу лой

Ғалабаи «Равшан» дар варзишгоҳи пур аз обу лой

Бозии дастаҳои «Равшан» -и Кӯлоб ва «Файзканд» -и ноҳияи Восеъ дар даври 24-уми Лигаи олӣ баргузор шуд. Нахустин шуда дастаи «Равшан» ба кушодани ҳисоб даст ёфт. Дар дақиқаи 26-уми бозӣ ҳамлавари дастаи «Равшан» - Муҳаммадшарифи Саидхоҷа голзанӣ намуд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ бошад, меҳмонон тавонистанд, ки ҳисоби бозиро баробар намоянд. Голи дастаи «Файзканд» -ро бошад, дар дақиқаи 43-юми бозӣ - Анвар Муродов ба тӯри дарвозаи соҳибони майдон ворид намуд. Қисмати аввали бозии дастаҳои «Равшан» ва «Файзканд» мусовӣ 1:1 ба анҷом расид. Ниҳоят дар даққиқаи 88-уми дидор ҳамлавари африқоитабори «Равшан» - Эффах Кингслей Осей голи ғалабаовари дастаро вориди тӯри дарвозаи рақиб намуд. Ҳамин тариқ дидори дастаҳо бо ҳисоби 2:1 бар нафъи «Равшан» ба анҷом расид. Дар даври мазкур рақобати «Куктош» ва «Душанбе» баргузор шуд, ки дар ин майдондорӣ дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо натиҷаи 3:1 зафар ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Равшан» – «Файзканд» – 2:1

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 26 (1:0). Анвар Муродов, 43 (1:1). Эффах Кингслей Осей, 88 (2:1).

«Куктош» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Азизбек Султонов, 16 (1:0). Азизбек Султонов, 26 (2:0). Ҷамшед Муродов, 75 (2:1). Амирҷон Сафаров, 82 (3:1).