Расман: Хави тарки «Ал-Садд» кард

Расман: Хави тарки «Ал-Садд» кард

Сомонаи расмии бошгоҳи «Ал-Садд» аз тарк намудани Хави аз курсии сармураббигии даста расман хабар дод. “Нилунориҳо” пас аз пардохти подошпӯлии Хави ро расман эълон хоҳанд кард. Дастаи испанӣ аввал бояд, ки подошпӯлӣ супорад пасон Хавиро ба таври расмӣ эълон кунад.

«Маъмурияти «Ал-Садд» розӣ шуд, ки Хавиро пас аз пардохти подошпӯлӣ ба “Барселона” иҷозат диҳад, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст. Мо инчунин розӣ шудем, ки дар оянда бо “Барселона” ҳамкорӣ кунем. Хави як ҷузъи оилаи «Ал-Садд» аст ва мо ба ӯ саломатӣ таманно дорем", - гуфташудааст дар дафтари матбуоти «Ал-Садд».