Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Dushanbe Grand Prix 2023 баргузор шуд

Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Dushanbe Grand Prix 2023 баргузор шуд

29 майи соли равон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи кумитаи тадорукоти мусобиқаи бошукуҳи варзишӣ  - Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо баргузор карда шуд.

Дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони кумитаҳои олимпӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва дигарон ширкат доштанд.

Дар ҷаласа муҳимтарин масъалаҳои омодагӣ ва баргузор кардани аввалин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, масълуон оид ба иҷрои масъалаҳои ташкилӣ, мисли таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини хизматрасонии тиббӣ, бехатарӣ аз сӯхтор дар рӯзҳои мусобиқа дастур гирифтанд.

Аъзои Кумитаи тадорукот, инчунин нимаи дуюми рӯз аз ҷои мусобиқа – Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ дидан намуданд.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе 2-4 июни соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, варзишгарони имкони гирифтани холҳои олимпӣ доранд.

Дар мусобиқа, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, 313 варзишгар (176 мард, 137 зан) аз 42 давлати дунё номнавис шудаанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа ширкат мекунанд.

Фонди ҷоизаҳои Гран Прии Душанбе 100 000 евроро ташкил дода, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни духтарон) 3000 евро, барандагони медалҳои нуқра – 2000 евро ба барандагони медали биринҷӣ 1000 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.