Ҳама иштирокчиёни Евро 2024 муайян шуданд

Ҳама иштирокчиёни Евро 2024 муайян шуданд

Рӯзи сешанбеи 26-уми март бозиҳои ниҳоии интихобии Евро 2024 баргузор шуданд. Гурҷистон бар Юнон (аз рӯи пеналти), Украина бар Исландия (2:1) ва Лаҳистон бар Уэлс (аз рӯи пеналтӣ) пирӯз шуданд.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни охирини чемпионати Аврупо маълум гардиданд: Гурчистон, Лаҳистон ва Украина. Тими миллии Лаҳистон ба гурӯҳи «D» муқобили Фаронса, Австрия ва Нидерланд, мунтахаби Украина ба гурӯҳи «Е» муқобили Руминия, Белгия, Словакия ва Гурҷистон дар чаҳоргонаи F муқобили Португалия, Чехия, Туркия роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо 2024 аз 14-уми июн то 14-уми июли соли 2024 миёни 24 дастаи мунтахаб дар 10 шаҳри кишвари Олмон баргузор мегардад.