Хвича фикрҳояшро оиди роҳхати Гурҷистон ба Евро 2024 баён кард

Хвича фикрҳояшро оиди роҳхати Гурҷистон ба Евро 2024 баён кард

Нимҳимоятгари тими миллии Гурҷистон - Хвича Кваратсхелия дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи роҳхати даста ба Евро-2024 вокуниш нишон дод.

Гурҷистон дар силсилаи пеналтӣ (0:0, 4:2 аз рӯи пеналтӣ) тими Юнонро шикаст дод ва бори аввал дар таърихи худ ба қисми ниҳоии Евро баромад.

"Евро, мо меоем!" навиштааст нимҳимоятгар.

Кваратсхелия захмдор шуда, дар дакикаи 109-ум иваз карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо 2024 аз 14-уми июн то 14-уми июли соли 2024 миёни 24 дастаи мунтахаб дар 10 шаҳри кишвари Олмон баргузор мегардад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ тими миллии Гурҷистон дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои Туркия, Чехия ва Португалия бозӣ мекунад.