Ҳамаи ҷуфтҳои марҳилаи ½-ниҳоии мусобиқаи Майами муайян шуданд

Ҳамаи ҷуфтҳои марҳилаи ½-ниҳоии мусобиқаи Майами муайян шуданд

Ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи ATP Masters дар Майамии Амрико маълум шуданд. Бозиҳои ин марҳила аз 29-ум то 30-юми март баргузор мешаванд.

Дар бозии аввал ракеткаи чаҳоруми ҷаҳон теннисбози рус Даниил Медведев бо ракеткаи сеюми ҷаҳон намояндаи Италия Янник Синнер бозӣ мекунанд. Соли гузашта, ин ду теннисбоз дар финали ҳамин мусобиқа бо ҳам бозӣ карда буданд, ки Медведев музаффар гардида, унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд. Вохӯрии Медведев ва Синнер рӯзи 29-уми март соати 23:50 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ теннисбози олмонӣ Александр Зверев, ки дар раддабандии ATP ҷои панҷумро ишғол мекунад, бо теннисбози булғорӣ, ракеткаи 12-уми ҷаҳон Григор Димитров бозӣ мекунад. Димитров давр марҳилаи ¼-ниҳоии мусобиқа муқобили ракеткаи дуюми ҷаҳон аз Испания Карлос Алкарас зафар ёфта буд. Вохӯрии Зверов ва Димитров рӯзи 30-юми март соати 4-и субҳ ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Майами аз 20 –ум то 31-уми март баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 8,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқа Даниил Медведеви рус аст, ки дар бозии ҳалкунандаи соли гузашта бар Янник Синнери итолиёвӣ пирӯз шуда буд.