Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд дар ноҳияи Данғара
Шуруъ аз оғози соли ҷорӣ то 30.10.2021 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Данғара ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон миёни ҷавонони деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Данғара мусобиқаи футбол баргузор гардид.
1 ноябри соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа медалу ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва ҷом тақдим гардид. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа дастаи футболбозони ҷамоати Исмат Шариф фаъолона ширкат варзида, мақоми аввалро касб намуданд. Мақоми дуюм насиби дастаи футболбозони ҷамоати Сафобахш гардид.