Конор: «Ба бозгашти бузургтарин дар таърих омода шавед!»
Размовари шинохтаи ирландӣ - Конор Макгрегор пас аз ҷароҳаташ азми бозгашт ба октагонро дорад.
«Бори аввал дар болои гилем! Ҳаяҷони олӣ! Ба пеш даста! Чӣ тавре, ки дӯсти ман Арнолд Швартснегер мегӯяд: «Ман бармегардам!» Ман бо қасос бармегардам! Ташаккур ба табибон ва дастаи ман, ки пас аз ҷарроҳӣ зуд кӯмак карданд то ба саф баргардам! Кор кардан лозим аст, аммо кор он чизест, ки ман онро мешиносам. Ба бузургтарин бозгашт дар таърихи варзиш омода шавед!» — навиштааст Макгрегор дар саҳифаи «инстаграм»-аш.