Ҳамлагари "Бухоро" ба "Хуҷанд" омад

Ҳамлагари "Бухоро" ба "Хуҷанд" омад

Ҳамлавари 23 солаи ӯзбек - Фирдавс Асадов ба тамринҳои дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд пайваст ва рӯзҳои наздик бо ин тими шимоли Лигаи олии кишвар созишнома хоҳад баст. Фирдавс Асадов қабл аз ба «Хуҷанд» омадан дар дастаи “Бухоро” бозӣ мекард. Ӯ дастпарвари мактаби футболи Машъал буда, дар тими “Қӯқанд-1912” ҳам бозӣ кардааст.