Сармурабии мунтахаби футзали Тоҷикистон нав мешавад

Сармурабии мунтахаби футзали Тоҷикистон нав мешавад

Мутахассиси сербӣ - Деян Дедович бо анҷом ёфтани муҳлати шарномааш аз вазифаи сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон канор рафт. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Деян Дедович изҳори қанотмандӣ намуда, ба ӯ дар идомаи фаъолияти мураббигиаш барорару комёбӣ таманно кард. Исми сармураббии нави мунтахаби футзали кишвар рӯзҳои наздик эълон мегардад.