Роналдуро аз ду бозии чемпионати Арабистони Саудӣ маҳрум карданд

Роналдуро аз ду бозии чемпионати Арабистони Саудӣ  маҳрум карданд

Ҳамлагари тими «Ал-Наср» Криштиану Роналду баъди аз майдон хориҷ шуданаш дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ бо «Ал-Ҳилол» (1:2) аз ду бозӣ маҳрум мешавад. Дар ин бора Asharq Al-Awsat хабар додааст.

Дар дақиқаи 86-ум Роналду кӯшиш кард, ки тӯбро зуд ба бозӣ ворид кунад, аммо бозигари «Ал-Ҳилол» Алӣ Ал-Булайҳӣ ба ӯ халал ворид кард ва капитани «Ал-Наср» бо оринҷаш ба ӯ зарба зад. Ал-Булайҳӣ худро ба замин партофт ва ҷанҷол миёни бозигарони ҳарду даста сар зад. Дар натиҷа довар ба Криштиану корти сурх нишон дод.

Ба гуфтаи манбаъ, кумитаи интизом тасмим гирифтааст, ки Кришро аз ду бозӣ маҳрум кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Роналду дар тамоми мусобиқаҳо 37 бозӣ анҷом дода, 36 гол ва 12 партофти головар кардааст.