Анчелотти: "Аз пирӯзӣ дар “Эл-Класико” шодам"

Анчелотти: "Аз пирӯзӣ дар “Эл-Класико” шодам"

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти баъди бозӣ бо “Барселона” таассуроти худро доир ба ин рақобат баён намуд:

“Аз он ки дар “Эл-Класико” пирӯз шудем, бисёр хурсандам. Чунки ин бозии бисёр муҳим буд. Дар бораи ҳариф чизе гуфтанӣ нестам. Онҳо низ рақобати арзанда нишон доданд, вале мо тавонистем дар хати ҳимоя хубтар бозӣ намоем.

Дар мавриди баробар шудани ҳисоби бозӣ ман ҳеҷ ташвиш надоштам, вале то анҷоми бозӣ ҳамеша каме тарс вуҷуд дорад”-иқтибос меорад суханони Анчелоттиро “Marca”.

Мавриди зикр аст, ки бозии "Эл-Класико" миёни "Реал Мадрид" ва "Барселона" дар майдони "Камп Ноу" бо ҳисоби 2-1 бар нафъи дастаи "шоҳона" хатм ёфт.