Назари Роналду баъди бохт аз “Ливерпул”
Ҳамлавари дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду баъди бохт аз дастаи “Ливерпул” изҳори назар кард. Ӯ аз натиҷаи бозии дастаи худ чунин гуфт: “Гоҳо ҳисоби бозӣ чӣ гунае, ки барои мо муҳим аст, он тавр намешавад, вале барои ин танҳо мо масъулем, каси дигар гунаҳгор нест.
Мухлисони мо дар ҳама вазъ моро дастгирӣ менамоянд. Онҳо сазовори натиҷаҳои беҳтаранд ва бояд инро мо барояшон муҳайё созем”, навиштааст дар саҳифаи “Instagram”-и худ Роналду. Маврид ба зикр аст, ки дар даври нуҳуми Чемпионати Англия дастаи “МЮ” бо ҳисоби бузурги 0-5 аз “Ливерпул” шикаст хӯрд.