Анчелотти ба шикоятҳои Хави дар бораи довари бозӣ пас аз пирӯзии "Реал" дар бозӣ бо "Барселона" посух дод

Анчелотти ба шикоятҳои Хави дар бораи довари  бозӣ  пас аз пирӯзии "Реал" дар бозӣ бо "Барселона" посух дод

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дар бораи танқиди Хави - сармураббии тими “Барселона” пас аз бозии даври 32-юми Чемпионати Испания дар бораи доварӣ изҳори назар кард.

"Ман намехоҳам дар бораи он чизе ки Хави фикр мекунад, сӯҳбат кунам, ҳар кас фикри худро дорад. Ман дар бораи бозӣ сӯҳбат карданро афзалтар медонам, он баробар, рақобатпазир ва фурсати хуби ҳарду даста буд. Дар охир бо мо бо қувваи охиринамон ғалаба кардем. Ҳоло мо бо тафовути 11 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошем.

Оё ман даъвоҳои “Барселона”-ро мефаҳмам? Голи ба дарвозаи мо задаро дуруст ба ҳисоб нагирифт, тӯб аз хат нагузашт. Пеналти бар зидди «Барселона» барои ман хеле равшан ба назар мерасад», - гуфта буд Анчелотти ба AS.

Ҳоло дастпарварони Карло Анчелотти бо 81 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошанд. «Барселона» бо 70 имтиёз дар ҷои дуюм аст.