Зудтарин гол , аввалин хет-трик , истеъфои сармураббӣ ва натоиҷи бозиҳои даври сеюми Лигаи олӣ

Зудтарин гол , аввалин хет-трик , истеъфои сармураббӣ  ва натоиҷи бозиҳои  даври сеюми Лигаи  олӣ

Бозиҳои даври сеюми чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расиданд. Дар ин давр дастаҳои “Эсхата”, “Истаравшан”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” ғалаба ба даст оварданд. Ду бозии дигари даври сеюм бидуни гол, мусовӣ анҷом ёфт.

Дар ин давр мо шоҳиди зудтарин гол шудем, ки онро Алишер Ҷалилов дар 23 сония ба самар расонид. Алишер инчунин дар се бозии “Истиқлол” пайиҳам нахуст ба задани гол даст ёфт. Лигионери дастаи “Истиқлол” Элеке муаллифи аввалин хет-трик дар мавсими нави Лигаи олӣ шуд.

Рӯйдоди муҳими дигари даври сеюм ин истеъфои сармураббии дастаи “Вахш” Тоҳир Муминов буд.. Ин аввалин истеъфои сармураббӣ  дар мавсими нави Лигаи олӣ буд.

Мо инчунин, дар ин давр шоҳиди аввалин бохти “Ҳосилот”, аввалин ғалабаи дастаҳои “Эсхата”, “Истаравшан” ва “Барқчӣ” шудем. Шумораи голҳо дар ин давр 14  буд, ки нисбат ба даври аввал камтар (21 гол). Дар даври дуюм ҳам мо шоҳиди 14 гол дар Лигаи олӣ шуда будем. Дастаҳои “Истиқлол”, КМВА, "Равшан" , "Регар-ТадАЗ"  ва “Барқчӣ” то ҳанӯз шикастнопазир мебошанд.

Рӯзи 19-уми апрел бозии дастаҳои “Ҳосилот” ва “Эсхата” дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор доир шуд. Дар ин вохӯрӣ аз ҳайати “Ҳосилот” – Нуриддин Ҳамроқулов гол зад. Голҳои “Эсхата”-ро Ойбек Абуғаффоров ва Сафаров ба самар расониданд.

Дар ин рӯз бозии дигар миёни “Панҷшер” ва “Истаравшан” буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи “Истаравшан” анҷом ёфт. Ин аввалин ғалабаи “Истаравшан” буд. “Панҷшер” то ҳанӯз ғалаба карда наметавонад ва ҳоло заифтарин бошгоҳ пас аз се даври Лигаи олӣ маҳсуб мешавад. Мо дар ин бозӣ шоҳиди корти сурхи Зиёзода аз ҳайати “Истаравшан” ҳам шудем. Ҳамчунин, хушхабар дар даври оянда барои мухлисони "Истаравшан" ин бозгашти Илҳом Баротов ба ҳайати даста хоҳад буд, ки пас аз ҷароҳат шифо ёфтааст. 

20-уми апрел дастаи “Барқчӣ” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аввалин ғалабаашро муқобили “Вахш” ба даст овард. Ин даста бо ҳайати ҷавонони хеш то ҳанӯз шикастнопазир аст. Ягона голи Шеравган Саидов дар ин дидор ба “Барқчӣ” ғалаба овард. Аз ҳайати “Вахш” – Салоҳидин Иргашев корти сурх гирифт.

Вохӯрии дигари давр рӯзи 20-уми апрел миёни дастаҳои “Истиқлол” ва Кӯктош” доир шуд. Дар ин вохӯрӣ дастпарварони Никола Лазаревич бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 ғалаба карданд. Алишер Ҷалилов дар вохӯрии сеюми пайиҳам аз ҳайати “Истиқлол” аввалин шуда, ҳисоби бозиро боз кард. Ӯ дар сонияи 23-юм зудтарин голро дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ зад. Ҳамчунин, капитани “Истиқлол” дар ин бозӣ корти зард гирфта, 2 ирсоли головар ҳам дар ҳисоб дошт. Элеке Блессинг ҳамлагари нигериягии “Истиқлол” дар ин бозӣ хет-трик кард ва муаллифи аввалин хет-трик дар Лигаи олӣ шуд. Соли гузашта, Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Эсхата” муаллифи аввалин хет-трик дар Лигаи олӣ шуда буд. “Истиқлол” ҳоло шикастнопазир аст ва бо касби 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот пешгом аст. “Куктош” ягона даста дар Лигаи олӣ боқӣ мемонад, ки пас аз се давр ба задани гол ноил намегардад. “Истиқлол” дар даври оянда дар сафар бо “Хуҷанд” ва “Куктош” бо “Барқчӣ” ҳамакнун, бозӣ мекунанд.

Бозии дастаҳои КМВА ва “Равшан” рӯзи 20-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бидуни гол анҷом ёфт. Ин дуюмин вохӯрии бегол дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ буд. Дар ин бозӣ мо шоҳиди корти сурхи Оанча аз ҳайати “Равшан” шудем.

Бозии охири даври сеюм рӯзи 21-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” доир шуд. Дар ин вохӯрӣ мо шоҳиди гол нагардидем. Вохӯрии дастаҳо бидуни гол мусовӣ ба анҷом расид.

Пас аз се даври Лигаи олӣ ҳоло “Истиқлол” бо 9 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот аст. Дастаи дигари шаҳри Душанбе – КМВА бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Ҳосилот” ва “Равшан” чаҳоргонаи беҳтаринҳои ҷадвали Лигаи олиро пур мекунанд. “Вахш” ва “Панҷшер” ду дастаи вилояти Хатлон бидуни имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот маскан мегиранд. Алишер Ҷалилов ва Элеке Блессинг бо 3 голи беҳтарин нишонзан пас аз се давр маҳсуб мешаванд.

Бозиҳои даври 4-ум дар Лигаи олӣ

26 апрел | 18:00

«Истаравшан» – КМВА

«Куктош» – «Барқчӣ»

27 апрел | 18:00

«Эсхата» – «Равшан»

«Вахш» – «Панҷшер»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

28 апрел | 18:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»