Андрей Ярмоленко дар мавриди тақдири мунтахаби футболи Украина андешаашро баён кард

Андрей Ярмоленко дар мавриди тақдири мунтахаби футболи Украина андешаашро баён кард

Андрей Ярмоленко дар мавриди бозӣ бо Шотландия баҳри баромадани мунтахаби Украина ба ҶҶ-2022 сухан кард.

«Айни ҳол дар бораи футбол фикр кардан душвор аст. Агар ин бозӣ бошад чӣ тавр мо ба майдон баромада, кулли нерӯямонро сарф кунем? Албатта тамрин кардан лозим аст.

Аммо бароямон 100% мушкил мешавад, чаро, ки бештари бачаҳо  дар Украина буда, тамрин намекунанд. Айни ҳол дар бораи футбол касе фикр намекунад, аммо вақте, ки бозӣ мешавад, кулли мо нерӯмонро ба пуррагӣ дар майдон сарф мекунем.

Ҷое хондам, ки бароямон мехоҳанд роҳхати мустақим ба Ҷоми Ҷаҳонро тақдим намоянд. Фикр дорам, ки ин нодуруст аст. Мо дасту пой ва майдони футболӣ дорем. Мо бояд онҷо кулли чизро ҳал кунем. Кадом дастае, ки зӯртар аст ҳамон даста арзандаи рафтан ба Ҷоми Ҷаҳон аст», – гуфтааст нимҳимоягари «Вест Хэм».

Ёдрас мекунем, ки  ФИФА бозӣ байни Украина ва Шотландияро ба моҳи июн  ба таъхир гузошт.

Сарчашма — «Футбол NEWS»