Ҷанги Ассотсиатсияҳои аврупоӣ бо ФИФА

Ҷанги Ассотсиатсияҳои аврупоӣ бо ФИФА

Зиёда аз даҳ ассотсиатсияҳои аврупоӣ пас аз эълони нақшаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ду сол як маротиба аз ҷониби ФИФА нияти тарки ин ниҳоди воломақомро доранд. Ёдовар мешавем, ки қаблан ФИФА ба федератсияҳои миллӣ ҳуҷҷате ирсол намуд, ки дар он нияти баргузор кардани чемпионати ҷаҳон дар ду сол як маротиба эълон шудааст. Таъғиротҳо пас аз Ҷоми ҷаҳонии 2026 қабул карда мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик тақрибан даҳ ассотсиатсияҳои аврупоӣ тасмим доранд, ки ба ФИФА аз нияти хориҷ шудан аз ин созмон хабар диҳанд.

Санаи 19-уми октябр роҳбари ФИФА Ҷанни Инфантино, ки қаблан ҷонибдори баргузории Ҷоми ҷаҳон дар ду сол буд, аз бартариҳои асосии ин ақида гуфта буд. Ба гуфтаи ӯ гузариш ба 48 иштирокчии Чемпионати ҷаҳон, ки аз соли 2026 сар мешавад, аллакай як масъалаи ҳалшуда аст ва дар ду сол баргузор кардани Ҷоми ҷаҳон ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.