Англия ба осони роҳашро ба чаҳорякниҳоии ҶҶ ҳамвор кард!

Англия ба осони роҳашро ба чаҳорякниҳоии ҶҶ ҳамвор кард!

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии  Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар  мунтахабҳои Англия ва Сенегал    ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт”  доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди англисҳо хотима ёфт.

Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати мунтахаби Англия  Хендерсон, Кейн ва  Сака ба самар расониданд.

Ҳамакнун дар даври чаҳорякниҳоӣ рӯзӣ 10-уми декабр мунтахаби Англия бо Фаронса майдондорӣ мекунад. Дар ҷуфти дигари марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Нидерланд бо Аргентина рӯзи 9-уми декабр ба ҳам меоянд.

Ҷоми Ҷаҳон | Даври 1/8-ниҳоӣ

Англия – Сенегал 3:0

Голҳо: Хендерсон, 38, Кейн, 45+3, Сака, 57

Англия: Пикфорд, Уокер, Магуайр, Стоунз (Дайер, 77), Шоу, Хендерсон (Филлипс, 82), Райс, Беллингем (Маунт, 76), Фоден (Грилиш, 65), Сака (Рэшфорд, 65), Кейн.

Сенегал: Менди, Сабали, Кулибали, Диалло, Якобс (Балло-Туре, 84), Менди, Сисс (Гуйе, 46), Ндиай (Дьенг, 46), Сарр, Диатта (Сарр, 46), Диа (Дйедиу, 72).