Ҷанни Инфантино ба Тоҷикистон меояд!

Ҷанни Инфантино ба Тоҷикистон меояд!

Президенти FIFA – Ҷанни Инфантино  1-уми  май ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ташриф меорад. Гуфта мешавад, ки дар Конгресси навбатии FIFA интихоби Президенти нави ин ниҳод доир мешавад. 

Ёдовар мешавем, ки дар  Конгресси қаблии  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ  раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти нави CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) интихоб шуда буданд.  Пас аз интихоби раҳбарияти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, қароргоҳи ин созмон аз Тошканд ба Душанбе оварда шуд.

Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.