Ансу Фати наҷотдиҳандаи «Барселона»

Ансу Фати наҷотдиҳандаи «Барселона»

Дастаи “Барселона” дар рақобати 4-уми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ ба меҳмонии «Динамо» сафар кард. Набарди ҳарифон пуршиддат баргузор шуда, бо натиҷаи минималии 1:0 ба суди “нилунориҳо” хотима ёфт. Бояд гуфт, ки ягона голи ин нерусанҷиро ҳамлавари ҷавони “Барселона” Ансу Фати дар дақиқаи 70-уми бозӣ ба самар расонида, “Барселона”-ро пирӯз намуд. Баъди ин муваффақият “Барса” соҳиби 6 имтиёз шуда, ба зинаи дуюми гурӯҳи “Е” баромад.

Лигаи Чемпионҳо

Гурӯҳи E

Даври 4-ум

«Динамо К» (Украина) — «Барселона» (Испания) — 0:1 (0:0)

Гол: Фати, 70.