Антони Марсял баъди 9 сол "МЮ"-ро тарк мекунад

Антони Марсял баъди 9  сол "МЮ"-ро тарк мекунад

Ҳамлагар Антони Марсял тобистон баъди 9 сол “Манчестер Юнайтед”-ро тарк мекунад. Фаронсавии 28-сола, ки дигар дар мунтахаби Фаронса ҳам чеҳраи даркорӣ нест, аз моҳи   2023 дар майдон аз ӯ хатту хабар набуд.

Баъди ҷарроҳӣ айни ҳол ӯ дар табобат ва мутобиқшавӣ қарор дорад ва аз шифохона рост ба бозор мебарояд. Аз рӯи гуфтаҳои Фабрисио Романо дақиқан Марсял ин тобистон “МЮ”-ро тарк мекунад.

Фурсатҳои наздик баъди барқароршавии пурра аз ҷароҳат Антони бошгоҳи нав меҷӯяд. Қарордоди кории ин ҳамлавар бо “Манчестер Юнайтед” бошад то 30-юми июни соли ҷорӣ мӯҳлат дошта, “Девҳои сурх” умуман дар бораи тамдидкунии шартнома бо бозигар гуфтугӯ ҳам накардааст. Вале аз ҷониби дигар мегӯянд, ки “Интер” нисбати Антони диққат кардааст. Ин ҳам нафарест, ки мавсими ҷорӣ 19 бозӣ дар сафи “МЮ “гузаронида, ду голу як партофти голи дорад.