Муштзанони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Муштзанони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Муштзанони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ширкат мекунанд. Мусобиқаи мазкур аз 25-уми апрел то 8-уми май миёни муштзанони то 18 ва 22 сола байни писарону духтарон баргузор мегардад. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст.

Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифт, ки барои кам кардани хароҷоти федератсияҳои миллӣ мусобиқаҳои ин ду гурӯҳи синну сол дар як ҷо баргузор шавад. Мусобиқа дар Остона ду ҳафта давом мекунад ва чун дар мусобиқаҳои қаблӣ барои ҳарду ҷинс кушода мешавад.

Рӯзи 25 –уми апрел бо омадани ҳайатҳо ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Чемпионати Осиё оид ба бокс байни писарону духтарони то 22-сола оғоз мешавад.

Дар Остонаи Қазоқистон муштзанҳои солҳои таваллудашон 2002, 2003, 2004 ва 2005 метавонанд дар гурӯҳи то 22-сола ширкат кунанд. Муштзанҳои соли таваллудашон 2006 ва 2007 ҳақ доранд дар гурӯҳи наврасон дар ин мусобиқаи қитъавӣ ширкат варзанд.

Духтарон дар гурӯҳи то 22-сола дар вазнҳои зерин рақобат мекунанд: 48 кг, 50 кг, 52 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63 кг, 66 кг, 70 кг, 75 кг, 81 кг ва +81 кг. Вазнҳои ҷавонон дар ҳарду гурӯҳи синну сол чунинанд: 48 кг, 51 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63,5 кг, 67 кг, 71 кг, 75 кг, 80 кг, 86 кг, 92 кг ва +92 кг.

Ёдовар мешавем, ки охирин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни писарон ва духтарони то 22-сола дар Бангкоки Тайланд моҳи январи соли 2023 баргузор шуд. Ин дуюмин чемпионат пас аз аввалин Чемпионати таърихии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22 сола, ки моҳи январи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба анҷом расид, ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, мусобиқиа мазкур марҳилаи омодагии муштзанони ҷавон ба Чемпионати ҷаҳонии бокс аст, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 дар Хорватия баргузор мешавад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс (U-22) :  Меҳроҷиддин Баротов (-48 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг),  Меҳроҷ Зоидов (54 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг),  Абубакр Муродзода (60 кг),  Довуд Маҳкамов (71 кг) ва  Шаҳбоз Ҳаитов (80 кг). 

Ҳайати мураббиҳо: Маҳмадҷон Сулаймонов  ва  Муҳаммад Ташахунов. 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс (U18):  Муинхоҷа Муминов (48 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг),  Дамир Мубайлихонов (57 кг), Мусъаб Мирзоев (60 кг), Руслан Ғафуров (63 кг),  Баҳромбек Ҳотамов (71 кг), Зиёратшоҳ Қосимов (75 кг),  Сунатулло Нозимов (92 кг), Ҳангома Исоева (57 кг) ва  Муҳарамхон Тошхуҷаева (70 кг). 

Ҳайати мураббиҳо: Эмомалӣ Малаев, Файзулло Алиев, Асомиддин Бурҳонов ва Масрур Шоибеков. 

Ҳамчунин, дар мусобиқаи мазкур довари тоҷик Абдуллоев Акмалҷон ширкат меварзад.