Антонио Конте аз вазифааш барканор шуд

Антонио Конте аз вазифааш барканор шуд

Дафтари матбуотии бошгоҳи “Тоттенхэм”-и шаҳри Лондон хабар медиҳад, ки мутахассиси итолиёвӣ Антонио Конте дигар сармураббии даста нест.

“Мо бо мувофиқаи тарафайн ҳамкорӣ бо сармураббӣ Антонио Контеро қатъ мекунем. Мо дар мавсими аввал бо Антонио ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтем. Мо ба Антонио барои саҳмаш ташаккур мегӯем ва ба ӯ барои оянда барор мехоҳем.”

Ёдовар мешавем, ки ҳоло “Тоттенхэм”  бо 49 имтиёз пас аз 28 бозӣ дар ҷои чорум аст. Даста инчунин аз Лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми Англия хориҷ шуд. Ба гуфтаи молики "Тоттенхэм" Дэниел Леви, ҳадафи асосии даста роҳ ёфтан ба Лигаи Чемпионҳо мебошад.