Антонио Конте вазифаи гаронро ба дӯш гирифт

Антонио Конте вазифаи гаронро ба дӯш гирифт

Муттахассиси итолиёвӣ Антонио Конте сармураббии ҷадиди дастаи “Тоттенхэм Хотспур” гардид. Бошгоҳи лондонӣ бо сармураббӣ шартнома то соли 2023 бо имконоти тамдидкунӣ бастааст. Дар “Тоттенхэм” Конте муттахассиси португалӣ Нуну Эшпириту Сантуро иваз намуд. Антонио Конте пештар дар бошгоҳҳои “Интер”, “Челси” ва “Ювентус” фаъолият кардааст. Дар бораи маоши сармураббӣ пештар хабар дода шуда буд, ки лондониҳо 18,3 млн евро дар як сол ба Конте пешниҳод намудаанд. “Тоттенхэм” айни замон дар даҳ даври рақобатҳои Премйер Лигаи Англия бо 15 имтиёз дар мақоми 8-уми ҷадвал аст. Дар ҳисоби бошгоҳ 3 бохт дар чаҳор бозии охир ба қайд гирифта шуда, дар умум ин тими лондонӣ дар Чемпионати миллӣ то ҳол 5 маротиба мувоҷеҳи шикаст шудааст.