Анжелика ба даври навбатии WTA Singapore роҳ ёфт

Анжелика ба даври навбатии WTA Singapore роҳ ёфт

Намояндаи Олмон Анжелика Кербер дар мусобиқаи WTA, ки дар Сингапур ҷараён дорад бо теннисбозбонуи ҷопонӣ Наоми Осака 2 соату 33 дақиқа рақобат намуда, билохира Осакаро шикаст дод. Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин ғолибияти Кербер дар мусобиқаи мазкур мебошад, вале Осака бошад бори дуввум аст, ки мағлуб мегардад. Дар даври навбатӣ Слоан Стивенс бо теннисбозбонуи ҳоландӣ Кики Бертенс рақобат мекунад.   

Мусобиқаи WTA BNP Paribas WTA Finals Singapore presented by SC Global

Имтиёзи ба дастовардаи иштирокчиён

Анжелика Кербер (Олмон, 1) - Наоми Осака (Ҷопон, 3) - 6:4, 5:7, 6:4

Таҳияи Манижа Исмоилова