Макгрегор: Ман одилона бохтам. Аммо бармегардам
Дар ниҳоят Конор бохташро дар дидор бо Ҳабиб иқрор омаду ба масал ба калла гирифт. Ин баҳси бузургу доманадору дақиқ бе сабаб набудааст, ки баъди поён ёфтани 229-ум рақобат миёни ду варзишгари муқтадири UFC сурат гирифт. Ба ростӣ мухлисон аз раунди аввал то бад-ин ҳад расидани ҷанги дуи онҳоро интизор набуданду ҳатто дар зеботарин ангораҳошон ҳам аз ин боб пиндор надоштанд. Ноториус ё Конор аз лаҳзаи аввали бохташ бар муқобили Ҳабиб, дар сомонаи расмии “инстаграм”-аш ба ҷуз таблиғу рекламаи ширкати машруботии хеш, ки “пост”-аш шарҳу тавзеҳи зиёдеро соҳиб шуд, дигар амали сазоворе анҷом надодааст. Ба иқори як идда коршиносону мухлисону шоҳидони ҳол, то баргузории рақобатҳо, Макгрегор дар нисбати ҳарифаш беэҳтиромии зиёд зоҳир кардааст, ба вижа ба гоҳи баргузории маросими вазнкашӣ.
Таҳияи Лутфуллои Азиз