Арабистони Саудӣ муқобили Аргентина ғалабаи ҳангомавӣ ба даст овард

Арабистони Саудӣ муқобили Аргентина ғалабаи ҳангомавӣ ба даст овард

Дастаи мунтахаби Аргентина дар даври аввали  Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аз тими Арабистони Саудӣ ба таври сенсатсионӣ шикаст хӯрд.

Дар нимаи аввалӣ бозӣ бартарият ҷониби футболбозони мунтахаби Аргентина буд.  Месси аввалин голашро дар Ҷоми Ҷаҳони имсола аз зарбаи пеналтӣ ба самар расонида, мунтахабашро дар ҳисоб пешсаф кард. Дар идома аргентиниҳо ду голи дигар заданд, лек бо далели офсайд ба ҳисоб гирифта нашуданд.

Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони Арабистони Саудӣ ҳангома карданд.  Ҳанӯз, дар дақиқаи 48-уми бозӣ Ал-Шаҳрӣ ҳисобро мусовӣ кард.  Пас аз ин гол футболбозони араб боварияшон ба худ бештар шуда, пас аз 5 дақиқа бо голи зебоӣ Ал-Дивсарӣ ҳисобро 1 бар 2 намуданд.

Дар идома футболбозони мунтахаби Аргентина ҳарчанд кӯшиш карданд, лек  натавонистанд, ки муваффақ бишаванд.

Ҳамин тавр, пас аз 36 бозии бидуни бохт Аргентина аз дастаи Арабистони Саудӣ ба таври ҳангомавӣ мағлуб шуд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “С” |Даври 1

Аргентина – Арабистони Саудӣ  1:2

Голҳо: Месси, 10 (пен.) – Ал-Шаҳрӣ, 48, Ал-Дивсари, 53

Аргентина: Мартинес, Молина, Отаменди, Ромеро (Мартинес, 59), Таляфико (Акуня, 71), Ди Мария, Гомес (Алварес, 59), Паредес (Фернандес, 59), Де Паул, Месси, Мартинес.

Арабистони Саудӣ  : Ал-Овайс, Абдулҳамид, Ал-Булайҳи, Томбакти, Ал-Шаҳрани, Ал-Досари, Ал-Фараҷ (Ал-Абед, 45), Канно, Ал-Малки, Ал-Брейкан, Ал-Шаҳрӣ (Ал-Ганам, 78).