Аргентина аввалин бозиашро дар Ҷоми Амрико-2021 доир кард

Аргентина аввалин бозиашро дар Ҷоми Амрико-2021 доир кард

Мунтахаби Аргентина дар варзишгоҳи «Олимпико Нилтон Сантос – Энженян»-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бозии аввалинашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2021 бо тими Чили доир кард. Набарди тимҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 33-юм Лео Месси аз зарбаи ҷаримавӣ боз кард. Дар дақиқаи 57-ум бошад, Эдуардо Варгас натиҷаро баробар намуда, дастаашро аз бохт наҷот дод. Бо ҳамин натиҷа бозии дастаҳо хотима ёфт. Дидори дигари гурӯҳи “А” байни тимҳои миллии Парагвай ва Боливия доир шуд, ки дар ин сабқат Парагвай бо натиҷаи 3:1 дастболо гардид.

Ҷоми Амрико. Гурӯҳи А

Аргентина — Чили — 1:1 (1:0)

Голҳо: Месси, 33 (1:0). Варгас, 57 (1:1).

Аргентина: Э.Мартинес, Отаменди, Таляфико, Мартинес Куарта, Монтиэл (Молина, 86), Паредес (Э.Паласиос, 68), де Паул, Ло Челсо (Ди Мария, 67), Месси, Л.Х.Мартинес (Агуэро, 81), Гонсалес (К.Корреа, 82).

Чили: Браво, Исла, Медел (Роко, 84), Мена, Марипан, Видал (Аларкон, 85), Арангис, Пулгар, Варгас (Пинарес, 77), Менесес (Галдамес, 90), К.Паласиос (Бреретон, 77).

Парагвай — Боливия — 3:1 (0:1)

Голҳо: Сааведра, 10 —пеналти (0:1). Ал.Ромеро, 62 (1:1). Ан.Ромеро, 65 (2:1). Ан.Ромеро, 80 (3:1).

Парагвай: Силва, Гомес, Алонсо, Арсамендия (Мартинес, 74), Эспинола, Пирис (Гонсалес, 58), Вилясанти (Р.Санчес, 46), Ал.Ромеро (Кубас, 87), Ан.Ромеро, Алмирон, Авалос (Энкисо, 87).

Боливия: Кордано, Д.Бехарано, Флорес (Фернандес, 46), Сагредо, Хусино, Кинтерос, Сааведра (Вайяр, 64), Хустиниано (Э.Санчес, 74), Сеспедес (Дан.Бехарано, 46), Алварес (Рамало, 69), Куэляр.